Июл 14, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии миллионии зиддиистикбор дар Яман

Яманиҳо ба муносибати рӯзи фарёд дар баробари мустакбирон бо шиорҳои марг бар Амрико, марг бар Исроил ва марг бар Оли Сауд роҳпаймоии миллионӣ дар устонҳои Санъо, Алҳудайда, Саъда, Ҳаҷҷа ва Умрон баргузор карданд.

Ин роҳпаймоӣ ба муносибати рӯзи фарёд дар баробари мустакбирон, ки шаҳид Ҳусайн Бадриддин Алҳавсӣ дар 2002 онро матраҳ карда буд, баргузор шуд.  

Ҳусайн Бадриддин Алҳавсӣ, раҳбари шиаёни Яман алайҳи ҳузури низомии Амрико дар Яман ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва Алқоида қиём кард ва дар 2004 дар даргирӣ бо низомиёни режими пешини Яман дар устони Саъда шаҳид шуд.