Июл 15, 2018 07:46 Asia/Dushanbe
  • Филтер шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ироқ

Идораи иртибототи минтақаи Курдистони Ироқ эълом кард, давлати Ироқ тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишварро филтер ва шабакаҳои интернетиро низ қатъ кардааст.

Ба гузориши шанбешаби ИРНА, идораи иртибототи минтақаи Курдистони Ироқ эълом кард, давлати Ироқ аз рӯзи шанбе зимни қатъи тамоми шабакаҳои интернетии ин кишвар ва минтақаи Курдистон шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус Фейсбукро филтер кардааст.

Дар пай эътирозҳои мардумӣ ба набуди имконоти рифоҳӣ ва хадамотӣ дар бархе устонҳои Ироқ, давлати Ироқ ин иқдомро барои пешгирӣ аз сӯиистифода ва густариши эътирозҳо дар пеш гирифтааст.

Эътирози шаҳрвандони ироқӣ дар Басра ва бархе дигар аз шаҳрҳои Ироқ дар эътироз ба авзои нобасомони хадамотрасонӣ ва бекории ҷавонони ироқӣ вориди шашумин рӯзи худ шудааст.

Шабакаи телевизионии лубнонии Алмаёдин ҳам ҷумъашаб гузориш дод дар даргирии миёни неруҳои пулис ва мӯътаризон дар устони Мисон, ҷануби Ироқ, ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп