Июл 15, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Бен Салмон модарашро дар ҳабси хонагӣ қарор додааст

Муҳаммад Бен Салмон, валиаҳди Арабистон, модари худ Фаҳда Бинт Фолеҳро бо дастури мустақим дар ҳабси хонагӣ қарор додааст ва ҳеҷ кас бидуни иҷозаи Бен Салмон наметавонад бо вай дидор кунад.  

Фаҳда Бинт Фолеҳ, ҳамсари севуми Малик Салмон, подшоҳи кунунии Арабистон ва модари шаш нафар аз 13 фарзанди вай аст, ки дар як кохи кӯчак ва ба дур аз ҳамсараш дар ҳабси хонагӣ қарор гирифтааст.

Фаҳда танҳо ҳамсари расмии Малик Салмон аст.

Султона Бинти Туркӣ, ҳамсари дигари вай дар 2011 даргузашт ва Малик Салмон Сора Бинт Файсалро низ талоқ додааст.