Июл 21, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • ҲАМОС: Ҷавоби бомбаборон - бомбаборон аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бомдоди шанбе дар баёнияе бар ҳаққи дифоъ аз худ дар баробари таҷовузҳои режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҲАМОС дар ин баёния таъкид кард, вазифаи миллии муқовимат - дифоъ аз манофеи мардум ва эҷоди муодилае барои боздорандагӣ аст, ки дар он бомбаборон бо бомбаборон ва амалиёти тактирандозон бо амалиёти тактирандозон посух дода мешавад.

Баёнияи ҲАМОС пас аз он содир шуд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҷумъашаб борикаи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

Тактирандозон (снейперистҳо)-и фаластинӣ рӯзи ҷумъа муваффақ шуда буданд, яке аз низомиёни режими саҳюнистиро, ки ба сӯйи мардуми борикаи Ғазза тирандозӣ мекард, дар маркази ин борика ҳадаф қарор диҳанд.

Ин низомии саҳюнист сооте баъд дар бемористон ба ҳалокат расид.

Гуфтанӣ аст, чаҳор фаластинӣ рӯзи ҷумъа дар роҳпаймоии мусолиматомези "Ҳаққи бозгашт" ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расида ва 120 нафари дигар захмӣ шуданд.

Роҳпаймоии мусолиматомези “Ҳаққи бозгашт” аз 30-юми март ба муносибати “Рӯзи Замин” дар борикаи Ғазза оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.