Тааррузи бесобиқаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо
Июл 22, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
Садҳо шаҳракнишини саҳюнист ба муносибати ба истилоҳ солрӯзи тахриби маъбади ҳайкал ба Масҷидулақсо ҳуҷум бурданд.
Фарос Дибс, масъули равобити умумии идораи авқофи Қудс гуфт: Беш аз 720 шаҳракнишини тундрави саҳюнист вориди Масҷидулақсо шуда, маросим Талмудиро муқобили Бобулраҳима анҷом доданд ва полиси режими саҳюнистӣ тадобири амниятии шадидеро ба иҷро гузоштааст.
Ҳайъати миллӣ ва исломии Қудс хостори басиҷи умумии фаластиниён ва эътикоф дар Масҷидулақсо барои дифоъ аз ин макони муқаддас дар баробари тааррузҳои шаҳракнишинони саҳюнист шуд.
Барчасп