Бин Салмон падарашро аз салтанат барканор мекунад?
(last modified 2018-07-23T08:39:25+00:00 )
Июл 23, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон падарашро аз салтанат барканор мекунад?

Манобеи хабарӣ ба нақл аз як мухолифи саудӣ фош карданд, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди кунунии Саудӣ ба зудӣ падарашро аз салтанат барканор хоҳад кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, ин манобеъ ба нақл аз султон Алъабдалӣ Алғамдӣ, аз мухолифони саудӣ навиштанд: “Бин Салмон қасд дорад ҳамон балое, ки бар сари Муҳаммад бин Нойф, валиаҳди собиқ ва писари амуяш овард, сари падараш биоварад”.

Ин манбаъ меафзояд, валиаҳди Арабистон дар ҳоли омода кардани фазои дохилии хонадони ҳоким барои амалӣ кардани нияти худ дар замони муносиб аст ва малик Салмон дар ҳоли ҳозир дар баробари тамоми иқдомоти писараш дар кохи подшоҳӣ нотавон шудааст.

Ин мухолифи саудӣ хотирнишон кард, Муҳаммад бин Салмон мунтазир нахоҳад монд то падараш канорагирӣ кунад ва ӯро дар замоне, ки муносиб бидонад, маҷбур ба каноригирӣ хоҳад кард.

Салмон бин Абдулазиз, ки 23-юми июни соли 2015 ва пас аз даргузашти Абдуллоҳ бин Абдулазиз ба подшоҳии Арабистон расид, як сол баъд ва дуруст пас аз сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба Риёз, Муҳаммад - фарзанди худро ба валиаҳдӣ таъйин кард.

Агарчӣ тасаввур мешуд, малик Салмон ба зудӣ канорагирӣ аз қудрат ба нафъи писаршро эълом кунад, аммо нозирони умури Арабистон мегӯянд, бархе иқдомоти валиаҳди моҷароҷӯ, аз ҷумла ҷанг дар Яман ва зиндонӣ кардани бисёре аз аъзои хонадони салтанатӣ, ки боиси тафриқаи бесобиқа миёни Оли Сауд шудааст, муҷиб шуда то малик Салмон дар бораи вогузории қудрат ба фарзандаш дучори шакку тардид шавад.