Июл 24, 2018 13:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Милал дар бораи авзои нигаронкунандаи навори Ғазза

Бо буҳронӣ шудани авзоъ дар навори Ғазза, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид авзои навори Ғаззаро фоҷеабор баршумурд ва нисбат ба фурӯпошии он ҳушдор дод.

Зайд Раъд Ал-Ҳусайн дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи ғайриқобили тасарруфи миллати Фаластин дар мақарри Созмони Милал, вахомати авзоъ дар навори Ғаззаро бархоста аз буҳрони шадиди молии Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии UNRWA ва маҳдудиятҳои эъмолшуда алайҳи Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистӣ донист.

Режими саҳюнистӣ аз соли 2006, пас аз пирӯзии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар интихоботи парлумонӣ, навори Ғаззаро таҳти муҳосираи худ даровардааст ва аз вуруди колоҳои асосӣ, аз ҷумла сӯхт, ғизо, дору ва масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақа ҷилавгирӣ мекунад. Ин муҳосира шароитро дар ин минтақа буҳронӣ ва мушкилоти зиёдеро барои сокинони Ғазза ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоли ҳозир сокинони Ғазза аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ, камбуди дору, ташдиди буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва бемориҳои муҳлик ранҷ мебаранд.

Бо вуҷуди муҳосираи Ғазза, бомбаборони манотиқи мухталифи Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ низ бар вахомати шароити ин минтақа афзудааст.

Дарҳам шикастани муқовимати фаластиниён ва водор кардани онҳо ба таслим, ҳамчунин фишор барои таслими фаластиниён ба анҷоми музокироти созиши мавсум ба “Муомилаи қарн” аз ҷумлаи аҳдофи режими Исроил барои муҳосираи Ғазза аст.

Бо ин ҳол, мушкилоти кунунӣ дар Ғазза сирфан бархоста аз муҳосира нест. Коҳиши будҷаи UNRWA аз сӯйи Вашингтон низ аз дигар далоили вахомати шароити кунунии Ғазза аст. Вашингтон дар 16-уми январ аз вогузории 65 миллион доллар, яъне беш аз ниме аз кумакҳои солонаи худ ба ин ожонс, бо ин иддао, ки шеваи кории UNRWA ниёзманди бознигарии ҷиддӣ аст, худдорӣ кард. Коҳиши будҷаи UNRWA сабаби коҳиши кумакрасонӣ ба сокинони Ғазза шудааст.

Иқдоми Вашингтон дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти режими Исроил, аз ҷумла Натанёҳу хостори барҳам додани ин созмон буданд. Тайи моҳҳои ахир ҳимоятҳои Трамп аз сиёсатҳои таҷовузкоронаи режими Исроил сабаби афзоиши фишор бар фаластиниён шудааст. Раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоле дам аз ҳуқуқи башар ва инсондӯстӣ мезанад, ки на танҳо будҷаи UNRWA-ро коҳиш додааст, балки дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аз Юнеско ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хориҷ шудааст. Вашингтон ҳамчунин дар иқдоме хилофи муқаррароти байналмилал ва бо нодида гирифтани мухолифатҳои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом ва сафорати Амрикоро ба ин шаҳр мунтақил кард. Бо вуҷуди ҳама сиёсатҳо ва иқдомоти ғайриинсонии Тел-Авив ва муттаҳидонаш, фаластиниён ҳамчунон барои барқарории ҳуқуқи худ мубориза мекунанд ва ин мавзуъ бар асабонияти мақомоти Исроил афзудааст.

Муҳаммад Мусолиҳа, коршиноси умури саҳюнизм дар ин замина гуфт, режими саҳюнистӣ ин рӯзҳо дар вазъи нотавонӣ, ошуфтагӣ ва даступочагӣ қарор дорад ва далели он нокомӣ дар шикастани иродаи муқовимати фаластинӣ дар навори Ғазза аст.

 

Барчасп