Июл 25, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани 75 ғайринизомӣ дар ҷануби Сурия

Бар асари як инфиҷори интиҳорӣ дар маркази шаҳри Сувайдо дар ҷануби Сурия 38 шаҳрванд кушта ва 37 нафари дигар захмӣ шуданд.

Як террорист худро дар бозори меваи шаҳри Сувайдо мунфаҷир кард ва ду террористи дигар қабл аз инки камарбанди инфиҷории худро мунфаҷир кунанд, ба дасти нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи Алмаслахи ин шаҳр ба ҳалокат расиданд.  

Мудири беҳдошти устони Сувайдо низ гуфт, ба далели ногувор будани ҳоли бархе аз маҷрӯҳони ин инфиҷор, эҳтимоли афзоиши талафоти он зиёд аст.