Июл 29, 2018 14:14 Asia/Dushanbe
  • Духтари фаластинӣ аз зиндони режими саҳюнистӣ озод шуд

Режими саҳюнистӣ Аҳед ат-Тамимӣ духтари 19-сола ва муборизи фаластиниро, ки ба намоди муқовимати навҷавонони фаластинӣ дар баробари режими саҳюнистӣ табдил шудааст, озод карданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ барои онки аз шумори истиқболкунандагони Аҳед ат-Тамимӣ бикоҳанд, макони таҳвили вайро тағйир додаанд.

Амӯи Аҳед ат-Тамимӣ пештар гуфта буд, мо ҳанӯз иттилооте дар бораи озодии вай дар ихтиёр надорем.

Ин духтари шуҷоъи фаластинӣ танҳо чанд соат пас аз боздошт тавассути низомиёни саҳюнистӣ дар декабри соли 2017 ба намоди муқовимати мардумӣ дар Фаластин табдил шуд.

Маҳкумияти  Аҳед ат-Тамимӣ дар августи оянда ба поён мерасид, аммо бо тасмими дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ, ин духтари шуҷоъи фаластинӣ имрӯз аз зиндон озод шуд.