Июл 29, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи давлати Башор Асад ва нерӯҳои курди демократики Сурия

Музокирот миёни давлати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ва нерӯҳои курди демократики ин кишвар ба самар нишаст.

Бо тавофуқи давлати Сурия ва нерӯҳои курди демократики Сурия, манотиқи шимолӣ ва шарқи Сурия бидуни дахолати хориҷӣ ва бидуни ҷанг ва даргирӣ ба домони Сурия бозгашт.

Коршиносон муътақиданд, нахустин гом барои тавофуқ миёни давлат ва нерӯҳои курди демократики Сурия бардошта шудааст ва аввалин марҳалаи таслими муассисаҳо ва ниҳодҳои зербиноӣ монанди энержӣ хоҳад буд.

Ин коршиносон таъкид карданд, нерӯҳои курди демократики Сурия дар чорчуби мубориза бо терроризм бо артиши Сурия дар Идлиб ва Бодия ва дигар манотиқ ҳамкорӣ хоҳанд дошт.  

 

Барчасп