Ҳушдор дар бораи фурупошии иқтисоди Иморот
Сиёсатмадори кувайтӣ ба сармоягузорони ҳамватанаш ҳушдор дод, ба далели ҳаракати сареи иқтисоди Иморот ба самти фурупошӣ, сармояҳои худро аз ин кишвар ба вижа аз амирнишини Дубай хориҷ кунанд.
Абдулҳамид Даштӣ, сиёсатмадор ва намояндаи собиқи парлумони Кувайт гуфт: Бо вуҷуди инки Иморот талош мекунад, то иқтисоди худро сарипо нигаҳ дорад, аммо иқтисоди ин кишвар ба суръат дар ҳоли фурупошӣ аст ва ҳама тадбирҳо барои ҳифзи он бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст.
Вай гуфт: Сармоягузорони саҳюнист ба тозагӣ беш аз як миллиард доллар аз сармояҳои худро аз Дубай хориҷ кардаанд ва ҳамин масъала боис шуда, шахсиятҳое монанди Зоҳӣ Халфон, раиси полиси собиқи Дубай дар рӯзҳои ахир аз Исроил интиқод кунанд.