Муқовимати Фаластин хитоб ба саҳюнистҳо: Ҷавоби ҳамла ҳамла аст
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва гурдонҳои “Қудс”, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бомдоди панҷшанбе дар баёнияҳои ҷудогонае бар ҳаққи дифоъ аз худ дар баробари таҷовузҳои режими саҳюнистӣ таъкид карданд.
Гурдонҳои “Кудс”, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо таъкид бар ин ки муқовимат ҳаргиз ба душмани саҳюнистӣ иҷоза намедиҳад, қавоиди набардро тағйир диҳад, тасреҳ кард, Муқовимати Фаластин мутааҳҳид аст, дар чорчӯби қоидаи ҳамла дар муқобили ҳамла ба иқдомоти мутаҷовизонаи душмани саҳюнистӣ посух диҳад. Ҳамос низ бо таъкид бар ин ки замони эъломи вафодорӣ ба хуни шуҳадо фаро расидааст, тасреҳ кард, Муқовимат исрор дорад, қавоиди набард бо душмани саҳюнистиро тағйир диҳад.
Баёнияҳои Ҳамос ва Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин пас аз ҳамалоти ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза содир шуд. Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар соатҳои ахир чандин бор Байт Лоҳия, шимол, Хон Юнус, ҷануб, Дайрулбалоҳ, воқеъ дар марказ ва ҳамчунин як маркази пулиси соҳилиро дар ғарби борикаи Ғазза бомбаборон карданд. Дар ин ҳамалот то кунун се фаластинӣ, аз ҷумла як зани ҳомила ва духтари хурдсолаш ба шаҳодат расиданд ва беш аз 12 фаластинии дигар захмӣ шуданд. Нерӯҳои Муқовимати Фаластин низ дар вокуниш ба ин ҳамалот то кунун беш аз 100 мушак ба сӯйи шаҳракҳои саҳюнистнишин шиллик кардаанд.