Бомбаи амрикоӣ ва куштори донишомӯзони яманӣ
(last modified Sun, 12 Aug 2018 05:34:09 GMT )
Август 12, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Бомбаи амрикоӣ ва куштори донишомӯзони яманӣ

    Як масъули низомӣ дар Вазорати дифои Яман фош кард, бомбаи бакор рафта дар ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба автобуси донишомӯзони шаҳри Заҳён дар Саъда, сохти Амрико ва аз навъи ҳидоятшавандаи «лазерӣ» будааст.

    Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин мақоми Ансоруллоҳи Яман, ки хост номаш фош нашавад, гуфт, ин бомб аз навъи «MK82» аст, ки дар бомбаборони маросими арӯси (туй)-и устони Ҳаҷа ва зиндони «Алзидия» низ аз он, истифода шудааст.

    Бомбаи амрикоии 241 килограммаи «MK82» , ки дар дастаи бомбаҳои ҳидоятшавнда тақсимбандӣ мешавад, беш аз ду метр тӯл ва қутре дар ҳудуди 10.75 (инч) дорад.

   Ҷангандаҳои Саудӣ панҷшанбешаб ба автобуси донишомӯзони яманӣ дар шаҳри Заҳён дар устони Саъдаи Яман ҳамла карданд, ки 55 кушта ва ҳудуди 80 захмӣ, барҷо гузошт ва мавҷе аз хашму нафратро миёни кишварҳои исломӣ, арабӣ ва ҳатто созмонҳои ҷаҳонӣ дарпай дошт.

  Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар ҷаласаи фаврӣ, хостори таҳқиқи одилона дар бораи куштори ғайринизомиёни яманӣ бавижа ҳамла ба шаҳри Заҳён шуд.

  Амрико, Англия ва Фаронса, аз ҷумлаи кишварҳои ғарбӣ буданд, ки бо фурӯши силоҳҳои пешрафта ба Арабистон ва ҳампаймонони ин кишвар ва низ гусели неруҳои низомӣ, муҷарраб ба даргириҳо барои тақвияти ҷабҳаи мутаҷовизон, ба ифои нақш дар ин набарди нобаробар пардохтанд.