Омодабоши гурӯҳи пизишкони махсуси подшоҳи Арабистон
Муҷтаҳид, фаъоли маъруфи саудӣ аз вазъияти омодабоши гурӯҳип пизишкони махсуси Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи 82 солаи Арабистони Саудӣ хабар дод.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, ин фаъоли саудӣ дар як паёми твиттерӣ бо ишора ба омодабоши ногаҳони тими пизишкони махсуси Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, навишт, маълум нест, оё ин омодабош аз рӯи эҳтиёт анҷом шудааст, ё барои дармони подшоҳ аст.
Муҷтаҳид карда, ин ки Малик Салмон битавонад дар маросими истиқбол аз ҳайатҳои ҳоҷиён ширкат кунад ё хайр, ҷои тардид дорад ва албатта дар хонадони ҳоким сӯҳбатҳое фаротар аз ин мавзӯъ шунида мешавад.
Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар соли 2015 пас аз даргузашти бародараш Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ба подшоҳӣ расид.