Август 15, 2018 20:43 Asia/Dushanbe
  • Меҳварҳои суханони Саид Ҳасани Насруллоҳ дар солгарди ҷанги 33 рӯза

Саид Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шаби гузашта ба муносибати дувоздаҳумин солгарди ҷанги 33 рӯзаи 2006, бархе абъоди ин ҷангро ташреҳ кард.

Муҳимтарин меҳваре, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба он ишора кард, аҳдофи ба роҳ андохтани ҷанги 2006 алайҳи Лубнон буд. Вай гуфт: “Ҳадафи аслии он ҷанг, зери по гузоштани муқовимат буд, чи ба лиҳози низомӣ ва чи бо бар замин гузоштани силоҳ”.

Меҳвари дигари суханронии Саид Ҳасани Насруллоҳ марбут ба паёмадҳои ҷанг буд. Яке аз муҳимтарин паёмадҳои ҷанг аз диди вай ин буд, ки: “Барои нахустин бор дар Исроил тарҳҳои дифоӣ дар дастури кор қарор гирифт”.

Севумин меҳвари муҳими суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, марбут ба таҳаввулоти ҷорӣ дар Ховари Миёна аз ҷумла ҷанги Сурия, тарҳи муомилаи қарн ва ҷанг алайҳи Яман буд.

Саид Ҳасани Насруллоҳ ҷанги Сурияро дар имтидоди ҷанги Тамузи 2006 унвон карда ва муътақид аст, ки “агар Лубнон дар он ҷанг шикаст мехурд, сарнагунии низоми Сурия ҳадафи баъдӣ буд”.

Саид Ҳасани Насруллоҳ, режими саҳюнистиро шарике комил дар ҷанг тавсиф ва унвон кард, ки: “Исроил ҳамаи ҳимоятҳо ва пуштибониҳои лозимро барои гурӯҳкҳои мусаллаҳ дар ҷануби Сурия фароҳам кард”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба тарҳи амрикоии муомилаи қарн унвон кард, ки муқовимати мардуми Ғазза нишон медиҳад, ки ин тарҳ иҷроӣ нахоҳад шуд ва “дар Фаластин мақоме нест, ки мумкин бошад, имзои муомилаеро бар уҳда бигирад, ки Қудсро пойтахти Исроил қарор медиҳад”.

Саид Ҳасани Насруллоҳ муътақид аст, ки миёни ҷанги 33 рӯза, ҷанг дар Сурия ва ҷанг алайҳи Яман иртиботи мустақиме вуҷуд дорад ва ин паёмро ба мардуми Яман мунтақил кард: “ҳамонгуна, ки хуни кӯдакони лубнонӣ пирӯз шуд, хуни кӯдакон ва фарзандони Яман низ пирӯз хоҳад шуд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бар ин бовар аст, ки иллати ақибнишинии Оли Сауд дар ҳимоят аз тарҳи муомилаи қарн низ ин аст, ки ҳимоят аз ин тарҳ худкушӣ аст.