Август 18, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба Саъдаи Яман

Манобеи яманӣ аз кушта ва захмӣ шудани 5 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба минтақаи Разиҳ дар устони Саъда, шимоли Яман хабар доданд.

Дар миёни захмиёни ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба Разиҳи Яман, як духтарбача низ дида мешавад.

Ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин ҷоддаи мувосилоти миёни манотиқи Разиҳ ва Шадаи  Яманро бомбборон карданд.

Дар ҳамалоти тупхонаӣ ва мушакии артиши Арабистон ба манозили маскунии шаҳрвандони яманӣ дар минтақаи Шада дар устони Саъда низ як нафар кушта шуд ва се нафари дигар захмӣ шуданд.