Дархости чанд гурӯҳи саҳюнистӣ барои поёни ишғолгарӣ
(last modified Wed, 07 Sep 2016 13:47:49 GMT )
Сентябр 07, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости чанд гурӯҳи саҳюнистӣ барои поёни ишғолгарӣ

Чанд гурӯҳи саҳюнистӣ поёни ишғолгарӣ дар сарзамини Фаластинро хостор шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи аш-Шарқулавсат, чопи Лондон, чанд гурӯҳи саҳюнистӣ, ки ба гуфтаи худ дар заминаи сулҳ фаъолият мекунанд, бо ишора ба солҳо ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар сарзамини Фаластин, баргузории ҳамапурсиро дар бораи поёни ишғолгарӣ хостор шуданд.

Бо ибтикори шуморе аз генералҳои пешини саҳюнист ва ҷунбишҳои мавсум ба сулҳи дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, рӯзи сешанбе кампине дар Телавив фаъолияти худро оғоз кард, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Фаластини ишғолӣ дар бораи поён додан ба ишғолгарӣ ва истиқрори сулҳро бар асоси ташкили ду давлат хостор аст.

Аъзои ин кампин бо ирсоли номае ба Бинёмин Натанёҳу – нахуствазири Исроил аз вай хостанд то тарҳи аҳамият додан ба назари мардумро дар назар бигирад.

Дар ин кампин гурӯҳе аз чапҳо, сиёсатмдорон ва генералҳои пешини режими саҳюнистӣ ва теъдоде аз асҳоби барҷастаи расона ва шахсиятҳои дигар ҳузур доранд.