Август 25, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Сӯистифодаи режими саудӣ аз даромадҳои Ҳаҷ

Кумитаи байналмиллалии назорат бар мудирияти Арабистон бар Ҳаҷ эълом кард: Режими саудӣ аз даромадҳои ҳосил аз маносики Ҳаҷ сӯистифода мекунад.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии Алҳарамайн воч, ин кумита рӯзи ҷумъа эълом кард: Ҳокимони саудӣ бо андозҳои вазнин, ҳазорон ҳаҷгузорро ба қарз гирифтан барои адои ин фарзияи илоҳӣ маҷбур мекунанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи байналмиллалии назорат бар мудирияти Арабистон бар Ҳаҷ режими саудӣ ва хондони ҳоким бар ин кишвар аз зовияи даромадзоӣ ба Ҳаҷ менигаранд ва ҳеҷ аҳамияте ба ниёзҳои ҳоҷиён ва муҳофизат аз мероси исломӣ қоил нестанд.

Ин кумитаи байналмиллаӣ бо ишора ба ифшои сӯистифода ва сӯимудирияти режими саудӣ аз Ҳаҷ барои мақсадҳо ва манофеъи иқтисодии ин режим бори дигар бар хостаи худ дар заминаи мушорикати муассисаҳо ва давлатҳои исломӣ дар мудирияти Ҳаҷ ва маконҳои муқаддас дар Ҳарамайни Шарифайн таъкид кард.

Бо таваҷҷуҳ ба боло рафтани ҳазинаи низомии Арабистон дар ҷанг бо мардуми Яман, Ҳаҷ яке аз муҳимтарин даромадҳои ҷойгузин барои ин кишвар ба шумор меравад.

Ҳайъати назорат бар идораи Ҳарамайни Шарифайн ҳам чанде пеш дар баёнияе эълом кард, Арабистон дар баргузории Ҳаҷ сиёсикорӣ ва ҳуқуқи қонунии умрагузоронро салб мекунад.