Август 30, 2018 20:50 Asia/Dushanbe
  • Эъломи шумори эъдомшудагон ба дасти ДИИШ дар Сурия

Маркази мавсум ба дидабони ҳуқуқи башари Сурия, чаҳоршанбе шаб шумори эъдомшудагон ба дасти террористҳои ДИИШ дар ин кишварро эълом кард.

Пойгоҳи интернетии дидабони ҳуқуқи башари Сурия ба нақл аз касоне, ки онҳоро фаъолони сурӣ номид, гуфт, беш аз панҷ ҳазор нафарро дар Сурия эъдом кардааст, ки аз ин теъдод, ҳудуди се ҳазор танро ғайринизомиён ташкил медиҳанд.

Бино бар эъломи Маркази дидабони ҳуқуқи башари Сурия, дар миёни ғайринизомиёни эъдомшуда ба дасти ДИИШ, 125 кӯдак ва 174 зан низ дида мешаванд.

Ғайринизомиён бо зарби гулӯла, ҷудошудани сар аз тан, сангсор ва ё партоб аз баландӣ, эъдом шудаанд ва ин ҷиноятҳо дар устонҳои Димишқ, Дайр аз Зур, Раққа, Ҳиска, Ҳалаб, Ҳумс ва Ҳамоҳи Сурия анҷом шудааст.

ДИИШ ҳамчунин 583 тан аз аносури худро низ токунун ба иттиҳоми ҷосусӣ барои кишварҳои хориҷӣ, муздурӣ, талош барои фирор ва ҷудоӣ аз ин гурӯҳ, эъдом кардааст, ки теъдоде аз онҳо зан ҳастанд.

Фаъолони сурӣ аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостанд, ки парвандаи ҷиноятҳои ҷангӣ ва зидди башарии террористҳо дар Сурияро ба додгоҳи Гаага (Девони байналмилалии кайфарӣ) ирҷоъ диҳад, то омилони куштор ба сазои амалҳояшон бирсанд.

 

Барчасп