Сентябр 13, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозии мардуми Яман муқобили дафтари СММ дар Санъо

Шумори зиёде аз мардуми Яман бо таҷаммӯъ муқобили дафтари Созмони Милал дар Санъо ба идомаи баста мондани гузаргоҳҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии ин кишвар ва мамониати Арабистон аз интиқоли захмиҳо ва беморон ба хориҷ аз Яман, эътироз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мардуми Яман дар баёнияе аз Созмони Милал ва созмонҳои ҳуқуқи башр, Салиби Сурх ва беҳдошти ҷаҳонӣ хостанд то масъулиятҳои инсонӣ, қонунӣ ва ахлоқии худ дар қиболи беморон ва захмиҳои Яманиро бар ӯҳда гиранд.

Онон ҳамчунин аз ин созмонҳо дархост карданд, ҷиноёти кишварҳои узви эътилофи Саудӣ дар Яман ва идомаи муҳосираи таҳмилии ин кишвар ва ба шикаст кашондани талошҳо барои музокироти сулҳро маҳкум кунанд.

Шаҳрвандони яманӣ дар ин баёния бо таъкид бар зарурати таҳвили ҷинояткорон ба Девони байналмилалии кайфарӣ, аз миллатҳои озодаи ҷаҳон хостанд, то алайҳи куштори ҷамъӣ дар Яман, тазоҳуроти эътирозӣ барпо кунанд.

Сухангӯи вазорати беҳдошти Яман ахиран эълом кард, ба далели ташдиди буҳрони вазъияти беҳдошт дар Яман дар сояи баста мондани фурудгоҳи байналмилалии Санъо, рӯзонаи 20 то 30 нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.