Аҳед Тамимӣ: Аз зиндонӣ шудан ба хотири сафар ба Эрон намеҳаросам
(last modified 2018-09-14T14:38:38+00:00 )
Сентябр 14, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Аҳед Тамимӣ: Аз зиндонӣ шудан ба хотири сафар ба Эрон намеҳаросам

Духтари навҷавони Фаластинӣ, ки ба хотири муқовимат дар баробари низомиёни саҳюнист машҳур шудааст, гуфт, ҳатто агар сафараш ба Эрон сабаби зиндонӣ шудани ӯ шавад, аз чунин коре наметарсад.

Аҳед Тамимӣ, ки ба намоди муқовимат дар Фаластин табдил шудааст, рӯзи панҷшнбе дар мусоҳиба бо шабакаи Русия ал-явм дар хусуси эҳтимоли сафараш ба Эрон гуфт, аз паёмадҳои душвори сафар ба Эрон, аз ҷумла эҳтимоли бозгашт ба зиндон огоҳ аст, аммо ин шароит наметавонд монее дар баробари аҳдофи муқовимат бошад.

Низомиёни режими саҳюнистӣ Аҳед Тамимиро ба иттиҳоми ҳамла ба низомиёни исроилӣ дар рӯзи 19 декабри соли гузашта боздошт карданд ва ӯ 29 июли имсол пас аз ҳашт моҳ ҳабс озод шуд.

Ин духтари муборизи фаластинӣ ба мамнуъулхуруҷ шудани худ ва хонаводааш аз сарзамини Фаластин бо фармони мақомоти режими саҳюнистӣ ишора кард ва афзуд: Мақомоти исроилӣ намехоҳанд садои муқовимат ба гӯши дигарон бирасад ва дигар миллатҳо аз ранҷҳои миллати Фаластин ва зулми Исроил огоҳ шаванд.

Аҳед Тамимӣ намоди муқовимат дар Фаластин, ки бо даъвати муовини бурунмарзии Садо ва симои Эрон барои ҳузур дар Эрон ва ширкат дар маросими таҷлил аз вай, қасди хориҷ шудан аз Фаластинро дошт, рӯзи ҳафтуми сентябр аз сӯи режими саҳюнистӣ, мамнуъулхруҷ шуд.