Сентябр 15, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Ал Ҳалбӯсӣ раиси парлумони Ироқ шуд

Дар поёни раъйгирӣ барои интихоби раёсати ҷадиди парлумони Ироқ, Муҳаммад ал Ҳалбӯсӣ 169 раъй, Холид ал Убайдӣ 89 ва Муҳаммад ал Холидӣ 4 раъй, касб карданд ва дар ниҳоят ал Ҳалбӯсӣ, ки мавриди ҳимояти фираксюни “Алфатҳ” (наздик ба ал Ҳашдушшаъбӣ) буд, ба унвони раёсати ҷадиди парлумон интихоб шуд.

Гуфта мешавад чанд тан аз номзаҳо, ки қаблан худро номзади раёсати парлумон муаррифӣ карда буданд, имрӯз аз номзадӣ инсироф доданд.

Ҷаласаи парлумон барои интихоби ду ноиби раиси парлумон идома дорад, манобеи огоҳи маҳаллӣ аз номзадии Ҳасан ал Каъбӣ аз Эътилоф соирун ва Башир ал Ҳадод, аз Ҳизби демократи Курдистон барои муовини аввалӣ ва дуввумии раиси парлумони Ироқ, хабар доданд.

 

Барчасп