Сентябр 24, 2018 13:06 Asia/Dushanbe
  • Иддаои беасоси рӯзномаи Саудӣ дар бораи Абубакри Бағдодӣ

Як рӯзномаи Саудӣ дар иддаое хандаовару беасос аз интиқоли Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ ба Афғонистон аз тариқи хоки Эрон сухан гуфт.

Рӯзномаи Саудии Ашшарқ Алваст ба нақл аз касоне, ки онҳоро манобеи амниятӣ ва манобеи гурӯҳҳои тундрави покистонӣ хонд, иддао кард: “Ин манобеъ тайид кардаанд, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ баъд аз убур аз хоки Эрон вориди вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон шудааст”.

Ашшарқ Алваст дар идомаи иддаои воҳии худ ба нақл аз фарде, ки ӯро саркардаи яке аз гурӯҳҳои покистонӣ хонда ва номашро эълом накардааст, муддаӣ шуд: Интиқоли Бағдодӣ баъд аз он сурат гирифтааст, ки чанд сад нафар аз аносури ДИИШ дар шаш моҳи гузашта аз тариқи хоки Эрон вориди Афғонистон шудаанд”.

Бино бар иддаои Ашшарқ Алваст ба нақл аз ин саркардаи гурӯҳҳои покистонӣ “Садҳо арабу ғайриараб аз ҷумлаи касоне, ҳастанд ки баъд аз поёни ҳузур дар Сурия вориди Афғонистон шудаанд”.