Сентябр 27, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари арабистонӣ: Чарои сарони араб ба Трамп посух наме‌диҳанд?

Рӯзноманигор ва нависандаи саршиноси арабистонӣ, навишт, аз ин ки сарони араб ба тавҳинҳои Трамп ба кишварҳои нефтхези арабӣ посухи расмӣ намедиҳанд, дар ҳайрат аст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷамол Хошқачӣ дар сафҳаи расмии худ дар “Твиттер” навишт: «Трамп ҳар аз гоҳ “Твитт”-е мекунад, ки аз кишварҳои арабӣ ҳимоят мекунад ва мо арабҳо бояд барои идомаи ин дифо, ҳазинаи онро бипардозем, аммо саволе, ки ба зеҳнам мерасад ин аст, ки раисиҷумҳури Амрико аз мо дар баробари чӣ касе ҳимоят ме‌кунад?»

Вай дар идома ба саволи худ посух дода ва навиштааст : «Бар ин боварам, ки бузургтарин хатаре, ки кишварҳои арабӣ ва манобеи нефтии онҳоро таҳдид мекунад, худи Трамп аст, чаро ки ӯ арабҳоро танҳо чоҳи нефт мебинад.»

Ишораи Ҷамол Хошқачӣ ба изҳороти шомгоҳи 25 сентябри Трамп аст, ки эълом кард, Вашингтон аз кишварҳои дигар интизор дорад то саҳми мунсифонаеро барои ҳимояти низомии Амрико аз онҳо бипардозанд.

Трамп пештар ва дар корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2015 ошкоро аз Арабистон интиқод карда ва гуфта буд, Саудӣ барои мо ҳамчун як гови ширдеҳ аст, ки ҳар замон натавонад ба мо сӯд бирасонад, дастури сарбуридани онро содир мекунем ва ё аз дигарон мехоҳем ин корро анҷом диҳанд.

Вай дар он замон ҳамчунин ошкоро эълом карда буд, Арабистон бояд ба хотири ҳимояти низомии Вашингтон аз давлати Риёз, се чаҳоруми сарвати худро ба Амрико бидиҳад.