Шикояти Фаластин аз Амрико ба Девони байналмилалии додгустарӣ
Сентябр 29, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
Фаластин аз Амрико ба иллати интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс, ба Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кард.
Ба гузориши телевизиони “Алҳадс”, Девони байналмилалии додгустарӣ бо судури баёнияе эълом кард, шикояте аз Фаластин алайҳи Амрико ба иттиҳоми нақзи тавофуқномаҳои байналмилалӣ ба сабаби интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс дарёфт кардааст.
Фаластин дар ин шикоят аз Девони байналмилалии додгустарӣ хост, ба Амрико дастур диҳад, ҳайати намояндагии худро аз шаҳри Қудс хориҷ кунад.
Дар ин баёния омадааст, тарафи фаластинӣ тасмими Амрикоро нақзи тавофуқномаи соли 1961 – и Вена медонад, ки ҳамаи кишварҳоро мулзам мекунад то сафорати худро дар хоки кишвари мизбон эҷод кунанд.