Ҳамлаи мушакии Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Дубай
(last modified Sun, 30 Sep 2018 06:34:54 GMT )
Сентябр 30, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Дубай

Шабакаи телевизионии ямании ал-Масира, аз ҳамлаи мушакии ҷунбиши Ансорулллоҳи Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Дубай хабар дод.

Ба гузориши телевизиони ал-Масира, неруҳои кумитаи мардумии Яман субҳи рӯзи якшанбе, фурудгоҳи байналмилалии Дубайро дар Иморот ҳадафи ҳамлаи мушакӣ бо ҳавопаймоҳои бесарнишини «Самод-3» қарор доданд.

Пеш аз ин ҳам фурудгоҳи байналмилалии Дубай ҳадафи ҳамалаҳои мушакии неруҳои мардумии Яман қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман шанбешаб аз шиллики як мушаки баллистикӣ ба самти низомиёни саудӣ дар манотиқе аз Наҷрон дар ҷануби Арабистон хабар дод.

Қудрати дифоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар аз сӯи режими Саудӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман тақрибан ҳар рӯз хоки Арабистонро бо мушакҳоии баллистикӣ ҳадаф қарор медиҳанд, ки ин иқдом дар вокуниш ба ҳамлаи эътилофи Саудӣ ба Яман ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиёни ин кишвар сурат мегирад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва сипас ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.