Дунболаравии Арабистон аз дастуроти Трамп, пазириши ҳақорати сиёсӣ
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ дар мусоҳиба бо Блумберг бо баёни инки хостаҳои нафтии Трампро иҷро кардем, гуфт, ошиқи ҳамкорӣ бо раисҷумҳури Амрико ҳастам.
Моҳияти равобити Амрико бо Арабистони Саудӣ, мунҳасир ба фард аст.
Ҳокимони Арабистони Саудӣ вобастагии бисёре ба давлати Амрико доранд ва ҳазинаи ҳангуфте низ барои ин вобастагӣ пардохт мекунанд, аммо Вашингтон нигоҳи таҳқиромезе ба Риёз дорад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран дар гирдиҳамоии интихоботӣ дар иёлоти Ми Си Си Пи барои чандмин бор бидуни риояти одоби дипломатӣ гуфт, ба подшоҳи Арабистон гуфтам, бидуни ҳимояти Амрико ду ҳафта ҳам давом намеоваред.
Ин изҳороти Доналд Трамп бо вокунишҳои мухталифе дар маҳофили дипломатӣ мувоҷеҳ шуд.
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар мусоҳибае дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Амрико гуфт: Бояд пазируфт ҳар дӯсте ҳам ҳарфи хуб ва ҳам ҳарфи бад дар бораи шумо хоҳад зад”. Вай таъкид кард, ки ман ошиқи ҳамкорӣ бо Трамп ҳастам.
Стефен Волт, назарияпардози равобити байналмилал, ки назарияи мувозинаи таҳдидро матраҳ карда, бар ин бовар аст, дунболаравӣ аз як қудрати бартар танҳо дар шароите аст, ки давлате ба далели осебпазирӣ ва ё фиқдони қудрат, тавоноии тавозун дар баробари қудрати таҳдидгарро надошта ва имкони иттиҳод вуҷуд надошта бошад ва ночор ба иттихози роҳбурди дунболаравӣ аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз изҳори назари таҳқиромези Доналд Трамп алайҳи Арабистони Саудӣ, дар твите навишт: “Раисҷумҳур Трамп борҳо ва борҳо ба Арабистон тавҳин кардааст ва мегӯяд, ки онҳо наметавонанд бидуни ҳимояти ӯ ду ҳафта ҳам боқӣ бимонанд. Ин таваҳҳум аст, ки амниятро метавон аз тариқи хориҷ тазмин кард. Мо дастҳоямонро ба сӯи ҳамсоигонамон боз мекунем ва мегӯем, як минтақаи қавиро бисозем ва ин ғурур иистикбориро мутаваққиф кунем”.