Октябр 08, 2018 19:18 Asia/Dushanbe

Бахши тасвирии рӯзномаи “Ал Шарқ”-и Қатар, филме мунташир карда, ки гуфта мешавад, иллати нопадид шудан ё террори Хошиқҷӣ ҳамин филм аст.

Вай дар ин филм, ки як мусоҳибаи телевизионӣ аст, бо ишора ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Саудӣ зидди нависандагон ва асҳоби қалам гуфт, ман қабл аз моҳи мубораки Рамазон пеш аз ин ки ба Амрико сафар кунам, албатта мо саудиҳо кишвари худро дар моҳи мубораки Рамазон тарк намекунем ба дастури режими Саудӣ, сукут ихтиёр карда будам ва аз навиштан ё изҳори назар дар бораи матолиби рӯз манъ шуда будам ва аз ин масъала ҳам бисёр таҳти фишор будам.

 Хошиқҷӣ афзуд, эҳсос мекардам, ки ба ман тавҳин шудааст, зеро ман нависандаи машҳур ҳастам ва наметавонистам матлабе нанависам ё ин ки “твитт”-е накунам.

Вай бо ишора ба буҳрони Қатар мегӯяд, пас аз он буд, ки дӯстон бо ман тамос мегирифтанд ва мегуфтанд ту хеле хушшонс ҳастӣ, ки аз навиштан ва изҳори назар дар расонаҳо манъ шудаӣ, зеро буҳрони Қатар нависандагони моро ба далқак(масхарабоз)-ҳоие дар сирк табдил карда буд ва иттиҳомоти беасос, овозоҳо ва дурӯғҳое мунташир мекарданд ва нависандагони матолиберо мунташир мекарданд, ки шоистаи як нависандаи мӯҳтарам набуд.

Ин нависандаи мунтақиди саудӣ гуфт, ман эҳсос хушбахтӣ кардам, ки аз навиштани матлаб манъ шудаам. Аммо замоне, ки шахсе бо ман тамос гирифт ва аз ман хост, ки дубора матолибе бинависам ба ӯ гуфтам, ман дигар аз навиштан истеъфо медаҳам ва дигар чизе наменависам, зеро онҳо маро ба ҷашне даъват карда буданд, ки дар он рақсидан балад набудм. (чизҳое аз ман мехостанд бинависам, ки дар шаъни ман набуд).