Ифшогарии писари малик Салмон дар бораи Ҷамол Хошуқчӣ
(last modified 2018-10-09T10:25:50+00:00 )
Октябр 09, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии писари малик Салмон дар бораи Ҷамол Хошуқчӣ

Писари подшоҳи Арабистон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико хабаре ғофилгиркунандаро дар бораи Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори нопадидшудаи мухолифи давлати Саудӣ ифшо кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Холид бин Салмон гуфт, дурбинҳои консулгарии Арабистон дар Истанбул дар рӯзи рафтани Ҷамол Хошуқчӣ ба консулгарӣ, кор накардаанд.

Вай аз додани тавзеҳи бештар дар ин робита худдорӣ кард ва гуфт: намехоҳем ба раванди таҳқиқ зарбае ворид шавад ва пешгӯиҳо ба мо кумаке дар анҷоми маъмурият намекунад.

Холид бин Салмон ҳамчунин гуфт, интиқодоти Хошуқчӣ, ки замоне ба хонадони ҳукумати Саудӣ наздик буд, аз масъулони феълии Арабистон ҳамвора “содиқона” будааст.

Хошуқчии 59 сола рӯзи сешанбеи гузашта вориди сохтмони консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия шуд, вале аз он ҷо хориҷ нашуд.

Консулгарии Арабистон боздошти Хошуқчиро рад карда ва муддаӣ аст, ки вай аз сохтмон хориҷ шудааст.

Бо ин ҳол манобеи амниятии Туркия шанбешаб эълом карданд, 15 шаҳрванди саудӣ, аз ҷумла бархе аз масъулон, бо ду ҳавопаймо вориди шаҳри Истанбул шуда, ҳамзамон бо ҳузури Хошуқҷӣ дар консулгарӣ, вориди ин сохтмон шуданд ва баъдан ба кишварашон бозгаштанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ - мақоланависи рӯзномаи “Вашингтон пост” буд ва акнун ин рӯзнома аз нопадид шудани ӯ ба шиддат ибрози нигаронӣ кардааст.

“Вашингтон пост” эълом карда, ба кашфи воқеият пойбанд аст ва дар сурате, ки таҳқиқот ҳар навъ дахолати давлати Саудиро собит кунад, ин рӯзнома онро ҳамлае ошкор ба яке аз рӯзноманигоронаш менигарад.