Интишори номҳо ва аксҳои нерӯҳои амниятии режими саудӣ дар моҷарои Хошуқҷи
(last modified Wed, 10 Oct 2018 10:20:51 GMT )
Октябр 10, 2018 15:20 Asia/Dushanbe
  • Интишори номҳо ва аксҳои нерӯҳои амниятии режими саудӣ дар моҷарои Хошуқҷи

Расонаҳои Туркия номҳо ва тасовири 15 нерӯи амниятии режими саудиро ба иттиҳоми дахолат дар нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди ин режим мунташир карданд.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаҳои Туркия навиштанд, ин афрод, ки бо моҷарои марбут ба нопадид шудани нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия иртибот доранд, бо ду парвози ихтисосӣ аз Арабистони Саудӣ ба Туркия омада ва билофосила ин кишварро тарк кардаанд.

Ҷамол Хошуқҷи, нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ дувуми октябр, баъд аз муроҷиа ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия рубуда шуд ва рӯзи якшанбе расонаҳо аз пайдо шудани ҷасади вай дар яке аз манотиқи Истанбул хабар доданд.

Дар ҳоле ки Арабистон муддаӣ аст, ин рӯзноманигор аз консулгарӣ хориҷ ва пас аз он рубуда шудааст, давлати Туркия эълом кард, бар асоси шавоҳид ва иттилооти мавҷуд, Хошуқҷи аз сохтмони консулгарӣ хориҷ нашудааст.

Номи Хошуқҷи дар феҳристи афрод боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими саудӣ қарор дошт.