Октябр 10, 2018 18:07 Asia/Dushanbe
  • Боздошти писари кӯчаки Муҳаммад Мурсӣ

Расонаҳои мисрӣ аз боздошти писари кӯчаки раисҷумҳури барканоршудаи ин кишвар хабар доданд.

Шабакаи Алҷазира ба нақл аз ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср эълом кард, ки мақомоти ин кишвар имрӯз писараш Абдуллоҳро боздошт карданд.

Ин расонаҳо далели боздошти Абдуллоҳ Мурсиро эълом накардаанд ва мақомоти мисрӣ низ дар ин замина иттилое надодаанд.