Октябр 13, 2018 13:45 Asia/Dushanbe
  • Радди пойи муҳофизи шахсии валиаҳди Саудӣ дар моҷарои қатли Хошуқҷи

Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мухолифи оли Сауд ба дасти муҳофизи шахсии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон кушта ва сипас ҷасадаш пора –пора шуда ва ин мавзуъ комилан исбот шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, рӯзномаи “Йени шафақ” –и Туркия эълом кард, Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мухолифи оли Сауд ба дасти муҳофизи шахсии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон кушта ва сипас ҷасадаш пора – пора шудааст ва ин мавзуъ комилан исбот шудааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, тиме, ки дар қатли Хошуқҷи нақш доштанд, пас аз дақоиқе маҳалли ҷурмро тарк карданд, аммо тими дувуме, ки вориди маҳалли ҷурм шуда буданд, маъмурияташон аз байн бурдани далоил ва мустанадот будааст.

“Йени шафақ” навишт, тими террор чамадонҳои бузургеро аз бозоре дар Истанбул харидорӣ карданд то ҷасади қитъа - қитъашудаи Хошуқҷиро дар он ҷой диҳанд ва бо худ бибаранд.

Ин рӯзнома таъкид кард, яке аз аъзои тиме, ки маъмурият дошт мустанадоти маҳалли ҷурмро аз байн бибарад, Муҳаммадсалоҳ Аттубайқи, раиси маркази пизишкии қонунӣ буд.

Иттилооти Туркия ба мустанадоте даст ёфтааст, ки исбот мекунад, амалиёти поксозии маҳалли вуқуи ҷурм анҷом шуда ва ин мавзуъ комилан исбот шудааст.

“Йени Шафақ” навишт, Аттубайқи - сарконсули Арабистони Саудӣ дар Истанбул чанд рӯзе аст, ки ҳоли муносибе надорад ва бо лағви ҳамаи дидорҳо ва барномаҳояш, дар манзили худ ба сар мебарад.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои амниятии Туркия муътақиданд, бахше аз ҷасади Хошуқҷи дар боғчаи консулгарӣ дафн шудааст.