Абубакри Бағдодӣ диишиҳоро мекушад!
Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дастури эъдоми 320 нафар аз афрод ва бархе саркардаҳои ин гурӯҳи такфириро дар Ироқ ва Сурия додааст.
Ба гузориши ИСНА, манобеи иттилоотии Ироқ эълом карданд, Бағдодӣ дар вокуниш ба шикастҳои пайдарпайи ДИИШ, дастури эъдоми 320 нафар аз афроди худро содир кардааст.
Ба гуфтаи як манбаи ироқӣ, теъдоде аз террористҳои ДИИШ баъд аз ин ки аз тарҳи Бағдодӣ мутталеъ шуданд, аз тарси ҷонашон ба маконҳои номаълуме гурехтаанд.
Бағдодӣ моҳи август ҳомиёнашро ба идомаи ҷанг дар ҳар маконе фаро хонд.
Ӯ ба ғайр аз як бор, ки дар соли 2014 дар шаҳри Мавсил, дар шимоли Ироқ дида шуд, дигар дар малаи ом зоҳир нашудааст.
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 ва дар Ироқ аз соли 2014 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористӣ мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.
Артишҳои Сурия ва Ироқ ахиран бо кумакҳои мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистанд парвандаи гурӯҳи террористии ДИИШ - ро дар ин ду кишвар бибанданд.