Октябр 15, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ 10 шаҳрванди суриро эъдом кард

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия вобаста ба мухолифон эълом кард: Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ 10 шаҳрванди суриро дар зиндонҳои устони Дерулзур дар шарқи Сурия эъдом кардааст.

Террористҳои ДИИШ аҷсоди эъдомшудагони суриро, ки дар зиндонҳои ин гурӯҳи террористӣ дар ҷануби шарқи устони Дерулзур нигаҳдорӣ мешуданд, дар хиёбонҳо гардондаанд.

ДИИШ пештар низ бо ҳамла ба як урдугоҳи оворагон дар манотиқи таҳти тасаллути нерӯҳои демократики Сурия дар ҷануби шарқи Дерулзур 130 хонаводаи овораи суриро дар ин устон рабудааст.

Артиши Сурия дарсадди поксозии комили ин минтақа аз терроризм аст.