Гуфтугӯи телефонии Малик Салмон бо Эрдуғон дар бораи парвандаи Хошуқчӣ
(last modified Mon, 15 Oct 2018 08:07:09 GMT )
Октябр 15, 2018 13:07 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Малик Салмон бо Эрдуғон дар бораи парвандаи Хошуқчӣ

Хабаргузории давлатии Арабистон Вос аз гуфтугӯи телефонии Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи ин кишвар бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бораи парвандаи мафқуд шудани Ҷамол Хошуқчӣ, нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ хабар дод.

Малик Салмон дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба зоҳир аз раисҷумҳури Туркия ба далели мувофиқат бо ташкили кумитаи муштарак барои таҳқиқ перомуни сарнавишти Хошуқчӣ ташаккур кардааст.  

Малик Салмон сипас Туркияро кишваре бародар тавсиф ва таъкид карда, Риёз ба дунболи ҳифз ва густариши равобит бо Анкара аст.

Эрдуғон ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар алоқаи кишвараш барои густариши равобит бо Арабистони Саудӣ таъкид кардааст.

Аз замони мафқуд шудани Хошуқчӣ, ин нахустин бор аст, ки сарони Арабистони Саудӣ ва Туркия гуфтугӯ мекунанд.  

Бисёре аз расонаҳо ин гуфтугӯи телефониро талошҳои Саудӣ барои костан аз фишорҳои байналмилалии зидди Риёз дар парвандаи нопадид шудани Хошуқчӣ  арзёбӣ карданд.