Қатли Хошуқчӣ дар 7 дақиқа
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i38805-Қатли_Хошуқчӣ_дар_7_дақиқа
Навори савтӣ, ки ҷузъиёти қатли Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудиро фош мекунад, нишон медиҳад, ки ин рӯзноманигори Саудӣ дар ҳафт дақиқа ба қатл расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 17, 2018 14:51 Asia/Dushanbe
  • Қатли Хошуқчӣ дар 7 дақиқа

Навори савтӣ, ки ҷузъиёти қатли Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудиро фош мекунад, нишон медиҳад, ки ин рӯзноманигори Саудӣ дар ҳафт дақиқа ба қатл расидааст.

Пойгоҳи интернетии Мидел Ист Ай навишт: Як манбаи туркияӣ, ки ба таври комил навори савтии марбут ба лаҳазоти қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори саршиноси арабистониро гуш карда, дар гуфтугӯ бо Мидел Ист Ай гуфтааст, ки қатли Хошуқчӣ дақиқан ҳафт дақиқа тӯл кашид.  

Манбаи туркияӣ гуфт, Хошуқчӣ аз дафтари сарконсули консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кашон-кашон ба утоқи канорӣ, ки маҳалли мутолеаи сарконсул буда бурда шуда ва фарде, ки дар табақаи поини консулгарӣ шоҳиди ин саҳнаҳо буда, фарёдҳои ваҳшатноки Хошуқчиро дар ин иттифоқот шунидааст.  

Ин манбаи туркияӣ ба Мидел Ист Ай гуфт: Фарёдҳои Хошуқчӣ замоне мутаваққиф шуда, ки вай бо тазриқи модае, ки ҳануз шинохта нашуда, ба хоб рафтааст.

Манбаи туркияӣ дар идома афзуд: Алтубайҷӣ, раиси бахши колбудшикофӣ ва узви анҷумани колбудшикофии Арабистони Саудӣ дар ҳоле, ки Хошуқчӣ ҳануз зинда буд, шуруъ ба қитъа-қитъа кардани бадан ӯ кард ва қатли Хошуқчӣ ҳафт дақиқа тӯл кашид.

Алтубайҷӣ ҳангоми қитъа-қитъа кардани бадани Хошуқчӣ шуруъ ба гуш додан ба мусиқӣ кард ва ба дигарон ҳам тавсия кард, ҳамин корро анҷом бидиҳанд.  

Салоҳ Муҳаммад Алтубайҷӣ аз мақомоти Вазорати амнияти умумии Арабистони Саудӣ, ки яке аз аъзои тими понздаҳ нафарае буд, ки авоили ҳамон рӯз бо як ҳавопаймои шахсӣ вориди Анкара шуданд.  

Як нусхаи се дақиқаӣ аз ин файли савтӣ ба рӯзномаи туркияиии Сабоҳ дода шудааст, аммо онҳо ҳануз ин файлро мунташир накардаанд.