Октябр 20, 2018 13:07 Asia/Dushanbe
  • Омори ҳавлноки ҷиноятҳои эътилофи кудаккуши саъудӣ дар Яман

Вазорати беҳдошти Яман ҷумъашаб дар гузорише эълом кард, беш аз 7 ҳазору нуҳсад кудаки яманӣ аз оғози таҳоҷуми эътилофи саъудӣ ба Яман токунун кушта, маҷруҳ ва ё нақси узв шудаанд.

Ба гузориши Алъолам, вазорати беҳдошти Яман дар ин гузориш хотирнишон кард, аз оғози таҳоҷуми эътилофи мутаҷовизи саудӣ, 3524 кудак кушта, 3710 кудак захмӣ ва 700 кудаки яманӣ низ дучори нақси узв шудаанд.

Сандуқи кудакони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳам ахиран дар гузорише эълом кард беш аз 5 ҳазор кудаки яманӣ аз оғози таҳоҷуми Арабистон ба Яман токунун кушта ё дучори наси узв шудаанд.

Ҳудуди 11 миллион кудак дар Яман зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо ба кумакҳои башардустона ниёз доранд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст; ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз чаҳорда ҳазор яманӣ, захмишудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ  ру ба ру кардааст.