Сентябр 10, 2016 18:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндагони парлумони Аврупо барои таҳрими бошгоҳҳои Исроил

Намояндагони парлумони Аврупо, маҳрум шудани тимҳои бошгоҳҳои футболи Исроил дар мусобиқоти аврупоиро хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, 66 намояндаи парлумони Аврупо рӯзи ҷумъа дар номае хитоб ба Gianni Infantino-раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) таъкид карданд,бошгоҳҳои исроилӣ ва шаҳракнишинони саҳюнист, ки ғайриқонунӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин сокин шудаанд, аз ҳузур дар рақобатҳои байналмиллалӣ маҳрум шаванд.

Дар номаи намояндагони парлумони Аврупо ба раиси ФИФА ба бошгоҳҳои исроилие, ки дар шаҳракҳои Маъола Одумим, Ориел, Криёт Арбаа, Гевот Зио ва Бикот Ҳойордин фаъолият мекунанд, ишора шудааст.

Гурӯҳҳои фаластинӣ низ тайи номаҳои ҷудогонае ба раиси ФИФА, таҳрими тими футболи режими саҳюнистӣ аз мусобиқоти байналмилалиро хостор шуданд.

 

Барчасп