Фурӯши таҷҳизоти ҷосусии режими саҳюнистӣ ба Арабистон
Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз фурӯши таҷҳизоти пешрафтаи ҷосусии ин режим ба Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, рӯзномаи саҳюнистии "Ҷерусалим пост" дар гузорише фош кард, Исроил таҷҳизоти пешрафтаи ҷосусӣ ба арзиши 250 миллион доллар ба Арабистон фурӯхтааст. Ин гуна таҷҳизот нахустин бор ба як кишвари арабӣ фурӯхта мешавад. Рӯзномаи "Ҷерусалим пост" менависад: “Фурӯши таҷҳизоти пешрафта нахустин ҳамкорӣ миёни Исроил ва Арабистон нест ва тимҳои фаннии Арабистон барои истифода аз ин таҷҳизот дар давраҳои омӯзишии он низ ширкат кардаанд”.
Ҳамкории амниятӣ миёни Аморот ва режими саҳюнистӣ низ густариш ёфтааст ва дар ҳамин иртибот рӯзномаи "Ню-Йорк таймз" ахиран дар хабаре фош кард, Аморот аз барномаҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ барои нуфуз ба телефонҳои ҳамроҳи бархе ҳокимони арабӣ, аз ҷумла Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қатар истифода кардааст.
Оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси омор, ин режим аз соли 1967 то 2017 беш аз 42 ҳазор фаластиниро ба шаҳодат расонда ва даҳҳо ҳазор нафарро маҷрӯҳу овора кардааст.