Кашфи гӯри ҷамъии террористҳои ДИИШ дар ғарби Мусил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i39082-Кашфи_гӯри_ҷамъии_террористҳои_ДИИШ_дар_ғарби_Мусил
Нируҳои ироқӣ аз кашфи гӯри ҷамъии 34 ҷасади дииш-ҳое, ки ба иттиҳоми фирор ба дасти дигар афроди ин гурӯҳи террористӣ эъдом шуда буданд, хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 29, 2018 17:26 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри ҷамъии террористҳои ДИИШ дар ғарби Мусил

Нируҳои ироқӣ аз кашфи гӯри ҷамъии 34 ҷасади дииш-ҳое, ки ба иттиҳоми фирор ба дасти дигар афроди ин гурӯҳи террористӣ эъдом шуда буданд, хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, як манбаъи амниятӣ дар устони Найнавои Ироқ гуфт, ин гӯри ҷамъӣ дар минтақаи Ал Аёзия дар ғарби Мусили маркази ин устони шимолии Ироқ кашф шудааст.

Манобеи амниятии Найнаво ҳафтаҳои гузашта низ аз кашфи гӯри ҷамъии ҷасадҳои 53 нафар аз террористҳои ДИИШ дар ҷануби Мусил хабар дода буд.

Дар моҳҳои гузашта ва пас аз шикасти ДИИШ дар Ироқ, нируҳои амниятӣ даҳҳо гӯри ҷамъиро дар манотиқи озодшудаи ин кишвар кашф кардаанд.

Мусил 10 июли 2017 бо талоши нируҳои низомии муштарак ва басиҷи мардумии Ироқ аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод шуд.