Октябр 31, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон саранҷом поёни ҷанги Яманро хостор шуд

Бо гузашти 44 моҳ аз ҷанги режими Саудӣ алайҳи мардуми Яман вазирони умури хориҷӣ ва дифои Амрико поён додан ба ин ҷангро хостор шуданд.

Ба гузориши “Рейтерз”, Майк Помпео рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе аз оғози музокироти сулҳи Яман таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод ва аз неруҳои эътилоф ба саркардагии режими Оли Сауд ва низ неруҳои яманӣ хост, бо поён додан ба даргириҳо, омодаи нишастан бар сари мизи музокира шаванд. Генерал Ҷеймз Мэттис, вазири дифои Амрико ҳам зимни дархости поёни ҷанги Яман гуфт, дар 30 рӯзи оянда бояд музокироти яманиҳо барои расидан ба сулҳ оғоз шавад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти соли 2015 бо ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар мӯҷиби кушта шудани беш аз 14 ҳазор ғайринизомӣ, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ шудааст. Бо вуҷуди ин режими Саудӣ ва ҳомиёну муттаҳидонаш ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар бирасанд.