Ноябр 01, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Қатар: Амрико он қадр ақл дорад, ки ба ҷанги Эрон наравад

Муовини нахуствазир ва вазири дифои Қатар ворид шудани Амрико дар ҷанг бо Ҷумҳурии Исломии Эронро бисёр баид донист.

Рӯзномаи “Ал-Қудс ал-Арабӣ” навишт: Холид бин Муҳаммад Алъатия, муовини нахуствазир ва вазири дифои Қатар рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамоише дар Доҳа, ҳар гуна фишороварии Амрико бар Қатарро дар бораи робитаи Доҳа ва Теҳрон рад кард ва гуфт: “Амрико Қатарро ҳеҷ таҳдиде накарда ва ҳеҷ пешшарте барои мо қарор надодааст. Онҳо ба тасмимоти ҳокимияти мо эҳтиром мегузоранд”.

Алъатия афзуд: “Вашингтон оқилтар аз он аст, ки вориди ҷанг бо Эрон шавад, зеро вуруд ба ин ҷанг аслан ба нафъи Амрико нест ва Амрико кишваре аст, ки медонад чӣ гуна манофеи стратегии худро ҳифз кунад”.

Алъатия гуфт: “Мумкин аст равобит байни Амрико ва Эрон низ барқарор шавад, аммо ман намедонам, ки ин иттифоқ кай хоҳад афтод”.

Вазири дифои Қатар ҳамчунин гуфт, ки ҳар гуна таҳдид ё таҷовуз аз ҷониби Арабистон ва Иморот алайҳи Қатар баид аст, аммо бо ин ҳол Доҳа барои ҳар гуна таҳдид ё таҳоҷуми эҳтимолӣ омода аст.