Ноябр 04, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Вазири авқофи Фаластин: Кишварҳои арабӣ ва мусулмонон, сукутро канор бигузоранд

Вазири авқофи Фаластин поёни сукути кишварҳои арабӣ ва мусулмонон дар муқобили иқдомоти таҳрикомези режими саҳюнистӣ ба вижа дар Масҷидулақсоро хостор шуд.

Юсуф Идъис вазири авқофи Фаластин бо таъкид бар инки кишварҳои мусулмон бояд ба ҷомеаи байналмилал барои пазириши масъулиятҳои худ дар баробари Фаластин ҳушдор диҳанд, афзуд: Ҳарами шарифи Иброҳимӣ дар минтақаи Алхалил, каронаи бохтарии рӯди Урдун, макони комилан исломӣ аст, ки тамоми замин ва осмонаш мутааллиқ ба мусулмонон аст ва ҳеҷ кас ғайр аз мардуми Фаластин ҳаққи дар он надорад.

 Юсуф Идъис ҳамлаи шомгоҳи шанбеи садҳо нафар аз шаҳракнишинони исроилӣ ба ҳарами Иброҳимиро ба манзилаи тавҳин ба эҳсосот ва боварҳои мардуми кишварҳои арабӣ ва мусулмонон ва ба чолиш кашидани ҳамаи муоҳидот ва тавофуқоти байнлмилалӣ донист.

Вазири авқофи Фаластин бар ҳузури бештари мардум дар ҳарами Иброҳимӣ барои ноком гузоштани таарруз ба ҳувияти Масҷидулақсо, таъкид кард.

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали муттаҳид (UNESCO) сол 2017 эълом кард: Алхлил дар карона бохтарии рӯд Урдун ба далели сиёсатҳои Исроил, ба унвони як мероси ҷаҳонӣ дар маъразӣ хатар аст.

 

Барчасп