Ноябр 05, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳуқуқи башари Арабистон дар мизи муҳокима

Савобиқи ҳуқуқи башари Арабистони Саудӣ имрӯз дар ҷаласае бо ҳузури кишварҳои мухталиф дар Женеваи Швейтсария баррасӣ мешавад.

Ба гузориши “Алъолам”, ин ҷаласа, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал мутаваллии баргузории он аст, илова бар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи эҳтимолан ба нақши Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман низ мепардозад.

Қарор аст, Арабистони Саудӣ дар ин ҷаласа гузорише аз он чӣ пешрафтҳои худ дар арсаи ҳуқуқи башар меномад, ироа кунад. Ҳамчунин намояндагони Арабистон дар ин нишаст ба пурсишҳои ҳозирин посух хоҳанд дод.