Ноябр 20, 2018 15:00 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу ва кобӯси суқут

Бенёмин Натанёҳу як сол монда то ба поёни давраи нахуствазирии режими саҳюнистӣ, бо гусасти чеҳраҳои калидии кобина ва ба дунболи он, хатари фурӯпошии кобинаи эътилофӣ рӯбарӯ аст.

Ояндаи сиёсии мубҳами Натанёҳу сабаб шуда то вай ҳаддиаксари талоши худро барои бурунрафт аз ин авзоъ ба кор бандад.

Оташбаси ҳафтаи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба ҲАМОС барои поён додан ба даргириҳои ахир баҳонае шуд то Авигдор Либерман, вазири ҷанги Исроил аз кобинаи Натанёҳу канорагирӣ кунад. Либерман, ки ду сол пеш муддаӣ шуда буд, дар сурати расидан ба вазорати ҷанг дар ду рӯз бисоти ҲАМОС –ро дар Фаластин бархоҳад чид, авохири ҳафтаи гузашта аз нахуствазир ба хотири ақибнишинӣ дар баробари ҲАМОС интиқод кард ва кӯшид иҷро нашудани ваъдаи худро ба гардани ӯ биандозад.

Либерман, ки тай солҳои гузашта яке аз наздиктарин чеҳраҳо ба Натанёҳу буда ва дар кобинаи вай постҳои калидиро бар ӯҳда дошта, бо ин тасмим ду чолиши асосиро пеширӯйи нахуствазир ба вуҷуд овард.

Нахуст ин ки ҳизби тобеи вай “Исроил Бейтено” аз эътилофи ҳомии Натанёҳу ҷудо шуд ва бо расидани шумори курсиҳои эътилоф ба 61 дар Кнессет (парлумони Исроил), кобина рӯйи марзи суқут қарор гирифт.

Дувум, бесоҳиб шудани курсии вазорати ҷанг буд, ки сабаб шуд дигар аҳзоби ҳозир дар эътилоф бар сари он ба рақобат бархезанд. Дар ҳоле, ки расонаҳо аз тамоюли Натанёҳу барои қарор гирифтани идораи вазорати ҷанг ба ихтиёроти нахуствазирӣ ва ҳизби ҳомии вай, яъне “Ликуд” хабар медиҳанд, Нафтали Беннет, вазири омӯзиши кобина аз ҳизби тундрави “Хонаи Яҳудӣ” идомаи ҳамкорӣ бо Натанёҳуро машрут ба тасоҳуби вазорати ҷанг дониста ва дар музокироти ахири худ нишон дода, қасди ақибнишинӣ аз ин мавзеъро надорад.

Таҳлилгарон иқдомот ва мавозеи кунунии чеҳраҳое чун Либерман ва Беннетро нахустин гомҳои интихоботӣ барои касби дасти бартар дар Кнессет ва кобинаи оянда талаққӣ мекунанд.

Илова бар вазирони кобинаи эътилофӣ аз аҳзоби дасти рости “Исроил Бейтуно” ва “Хонаи Яҳудӣ”, вазири дороии кобинаи Натанёҳу аз ҳизби “Кулану” низ сози ҷудоӣ сар додааст.

Натанёҳу дар музокироти худ бо Муше Кухлун, вазири дороӣ ва раҳбари ҳизби “Кулану” низ тавфиқе ба даст наёварда ва гӯё ҳамоҳангиҳое байни ҷудоиталбон аз кобина ҷиҳати анҷоми интихоботи зудҳангом сурат гирифтааст. Интихоботе, ки қарор буд ноябри 2019 баргузор шавад, аммо дар сурати суқути кобина эҳтимолан дар моҳи март шаҳрвандони заминҳои ишғолиро пойи сандуқҳои раъй хоҳад кашонд.

Ин дар ҳоле аст, ки Натанёҳу худро барои рекордшикании тасаддии олитарин мақоми иҷроии режими саҳюнистӣ омода мекард. Вай, ки аз авоили соли 2009 то кунун нахуствазирии Исроилро дар даст дошта, пеш аз давраи даҳсолаи ахир низ се сол бар курсии нахуствазирӣ такя задааст. Ба ин тартиб поёни давраи ахири зимомдории вай метавонист рекорди Девид бен Гуриён, аввалин нахуствазири режими ишғолгари Қудсро шикаста ва рекорди ҷадидро ба номи “Би би” (лақаби Натанёҳу) сабт кунад.

Гурӯҳе аз таҳлилгарони масоили дохилии Исроил мегӯянд, ҷойгоҳи Натанёҳу дар миёни аҳзоби дасти ростӣ аз секулорҳо гирифта то тундравҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин бархе иқдомоти вай барои беҳбуди авзои шаҳрвандони саҳюнист, ба хусус шаҳракнишинон боис хоҳад шуд то дар интихоботи зудҳангом низ Натанёҳу ва ҳизби вай, яъне “Ликуд” битавонад дар радаи нахуст дар миёни руқабо қарор гирад.

Дар баробари ин нигоҳ, бисёре ба парвандаҳои зиёди сӯиистифода ва фасоди молии Натанёҳу ва ихтилоси ҳамсараш ишора мекунанд, ки то кунун ба далели мавқеияти сиёсии нахуствазир ва пардапӯшониҳои суратгирифта ба натиҷае мушаххас нарсида ва дар суратт канор рафтант Натанёҳу аз қудрат метавонад роҳи вайро барои бозгашт масдуд созад.

Шояд ба ҳамин далел аст, ки Натанёҳу кӯшише фаровонро ба кор баста то монеъ аз гусасти кобина шавад. Вай ҳушдор дода, суқути кобинаи дасти ростӣ метавонад мунҷар ба рӯйи кор омадани ҷараёнҳои чапгаро шуда ва амният ва манофеи Исроилро ба хатар андозад. Вай ҳамчунин шарикони ростгарои худ дар кобинаро мухотаб қарор дода ва гуфта, амнияти Исроилро фидои сиёсатбозиҳои худ накунанд. Гурӯҳе аз таҳлилгарон ҳам аз мавзеи дигар ба рухдодҳои дохилии режими саҳюнистӣ нигариста ва мегӯянд, маҷмӯаи иқдомоти ахири Натанёҳу, ки барои куки сози ҷудоӣ баҳона дасти шарикони ростгарои ӯ дода, ба роҳкори Доналд Трамп барои ба самар расонидани фароянди созиши аъроб ва Исроил, мавсум ба “муомилаи қарн” иртибот меёбад ва вай илова бар таҳаммули фишор аз сӯйи аъзои кобинаи дар ҳоли фурӯпошии эътилофӣ, бо фишорҳое аз сӯйи Вашингтон барои ҳамроҳии ҳаддиаксарӣ бо барномаҳои Трамп мувоҷиҳ аст.

Дар авзои кунунӣ, эътои имтиёзоти вижа ба шарикони ростгаро ва эҷоди тавозун ва ризояти нисбӣ миёни онҳо тайи як соли оянда аслитарин роҳкоре аст, ки Натанёҳу барои наҷоти нахуствазирии худ дар пеш гирифтааст.