Ҷадали Ассиси ва шайхи “Алазҳар” бар сари суннати паёмбар (с)
(last modified Thu, 22 Nov 2018 07:43:24 GMT )
Ноябр 22, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷадали Ассиси ва шайхи “Алазҳар” бар сари суннати паёмбар (с)

Раисҷумҳурии Миср ва шайхи донишгоҳи “Алазҳар” дар маросиме ба муносибати солрӯзи мелоди паёмбари акрам (с), дар бораи пойбанд будан ё набудан ба суннати паёмбари Ислом (с) ба баҳсу ҷадал бо якдигар пардохтанд.

Ба гузориши пойгоҳи шабакаи хабарии “Алҷазира”, дар ин маросим Аҳмад Таййиб, шайхи “Алазҳар” бо интиқод аз касоне, ки хостори фосила гирифтан аз суннати паёмбар ҳастанд ва сирфан бар иттико ба Қуръони карим исрор доранд гуфт, ин гуна ҷараёнҳо дар ниҳоят ба инҳироф ва муқобилаи комил бо Ислом мунҷар хоҳад шуд.

Суханони шайхи “Алазҳар” бо вокуниши раисҷумҳурии Миср мувоҷеҳ шуд ва Ассиси дар посух ба ин суханон гуфт: “Сӯҳбатҳои шайхи “Алазҳар” маро во дошт то барои бори чаҳорум ё панҷум дар робита бо ин гуна масоил сухан бигӯям. Ман фикр намекунам, мушкили мо пойбандӣ ва ё адами пойбандӣ ба суннати паёмбар бошад, балки шеваи ғалати фаҳми дин мушкили асосӣ аст”.

Ихтилоф миёни раисҷумҳурии Миср ва шайхи “Алазҳар” мавзӯи тозае нест.

Ассиси дар январи соли 2015 дар иқдоме ҷанҷолбарангез кишваршро ба “бознигарии комил дар мафоҳими динӣ даъват кард ва дар суханоне аҷиб гуфт: “Як миллиарду 600 миллион мусулмон наметавонанд кулли ҳафт миллиард инсони ҷаҳонро ба қатл бирасонанд то афкори худро мусаллат кунанд”.

Ин суханон бо вокуниши шадиди “Алазҳар” рӯбарӯ шуд ва фишорҳо то ҷое боло гирифт, ки Ассиси маҷбур шуд, зимни ақибнишинӣ тавзеҳ диҳад, ки суханонаш ба дурустӣ мунтақил нашудааст.

Дар 24 – уми январи соли 2017 низ Ассиси пас аз он ки шайхи “Алазҳар” пешниҳоди вайро дар мавриди масоили ҳуқуқӣ ва фиқҳии “талоқ” напазируфт, мустақиман ва дар расонаҳо бо ҳолате тамасхуромез хитоб ба Аҳмад Таййиб гуфт: “Аз дасти Шумо хаста шудем”.

Дар ҳамон сол пешнависи қонуне бо ҳимояти ҳудуди 200 намояндаи Миср дар парлумони ин кишвар ба тасвиб расид, ки ба сабаби он “Алазҳар” шоҳиди тағйироти решаӣ дар сохтори худ мешуд.

Ин тарҳ ба иллати ҷанҷолҳои бисёре, ки ба роҳ андохт, ба тасвиб нарасид, аммо Муҳаммад Абуҳомид, ноиби раиси парлумони Миср ҳар аз гоҳ ин тарҳро дар маҷлис матраҳ мекунад.

Бо вуҷуди ихтилофи назари раисҷумҳури Миср ва шайхи “Алазҳар” бар сари таҷдиди назар дар масоили динӣ, бисёре решаи ихтилофоти ин дуро дар моҷароҳои кудатои соли 2013 дар Миср ва кушта шудани садҳо нафар аз ҳомиёни Муҳаммад Мурси, раисҷумҳури пешини ин кишвар медонанд, ки эътирози шайхи “Алазҳар” – ро барангехт.