Ноябр 26, 2018 12:13 Asia/Dushanbe
  • Дастгир шудани муовини Абубакри Бағдодӣ дар Сурия

Гурӯҳи мавсум ба “Нерӯҳои демократиии Сурия” бо интишори баёнияе эълом кард, ки дар вилояти Дайруззур тавонистааст яке аз муҳимтарин муовинони саркардаи ДИИШ-ро дастгир кунад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алъолам”, гурӯҳи мавсум ба «Нерӯҳои демократии Сурия», ки бештари аъзои он курд ҳастанд, дар вилояти Дайруззур, бавижа дар шарқи Фурот бо гурӯҳи террористии ДИИШ даргир аст.

Шабакаи хабарии «Курдистон-24» гузориш дод, ки “Нерӯҳои демократии Сурия” дар Дайруззур муваффақ шудаанд, Усома Увайд Иброҳим, маъруф ба Абузайдро, ки марди шумораи дуи ДИИШ ба шумор меравад ва яке аз барҷастатарин муовинони Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аслии ДИИШ аст, дастгир кунанд.

Абузайд дар яке аз утоқҳои махфии зеризамини хонааш дар шаҳраки Алтиана (Аltianah), дар шарқи Дайруззур пинҳон шуда буд. Бар асоси ин гузориш, вай дар махфигоҳаш қасд дошт, худро мунфаҷир кунад, вале хоҳараш монеъ аз ин кор шуд ва ӯ ба асорати “Нерӯҳои демократии Сурия” даромад. Аз махфигоҳи ин саркардаи ДИИШ 20 гӯши телефони ҳамроҳ ва миқодири зиёде пулу тило низ кашф шудааст. Абузайд аз махфигоҳи пинҳонияш дар Дайруззур як шабакаи вобаста ба ДИИШ-ро мудирият мекардааст.

Абузайд 35-сола ва дорои дипломи ҳуқуқшиносӣ аст. Ӯ чаҳор бародар дорад, ки ҳамаи онҳо узви ДИИШ буданд. Ду нафар аз бародарони Абузайд кушта шудаанд ва нафари сеюм низ ду моҳ пеш ба дасти нерӯҳои курд дастгир шуд. Бародари чаҳоруми ӯ фирор кардааст ва дар манотиқи таҳти контроли давлати Сурия ҳузур дорад.