Ноябр 28, 2018 14:57 Asia/Dushanbe
  • Фирори сармояҳо аз Арабистони Саудӣ шитоб гирифт

Миёнгини хуруҷи сармоя аз Арабистони Саудӣ имсол (2018) 13 дарсад, яъне муодили 90 миллиард доллар аз кулли тавлиди дохилии ин кишвар будааст.

Вебсайти амрикоии “Блумберг” рӯзи сешанбе дар гузорише бо ишора ба таъсири қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими Оли Сауд бар иқтисод ва сармоягузорӣ дар Арабистон навишт, ин қатл на танҳо мунҷар ба бадномии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ шуда, балки эътимоди бозаргонон ба сармоягузорӣ дар Арабистони Саудиро аз байн бурдааст.

Бар асоси ин гузориш, шумори зиёде аз сарватмандони саудӣ дороиҳои худро ба берун аз Арабистон мунтақил карданд ва ё барои тарки ин кишвар дар ҳоли барномарезӣ ҳастанд.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, аз байн рафтани эътимоди нухбагони иқтисодии саудӣ ба сиёсатҳои бин Салмон бар тарҳҳои иқтисодии Арабистон низ таъсир мегузорад.

Пештар шохиси саҳми ширкатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар бурси Арабистон дар ҳафтаи мунтаҳӣ ба аввали ноябр бо коҳиши шадид нисбат ба ду ҳафтаи қабл аз он мувоҷеҳ шуд ва ба 23 миллиону 800 ҳазор доллар расид.

Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди давлати Арабистони Саудӣ дувуми октябр, пас аз вуруд ба консулгарии ин кишвар дар Истанбул, тавассути авомили амниятии режими Саудӣ ба қатл расид.