Ноябр 28, 2018 20:21 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи таърихии миллатҳои арабӣ дар эътироз ба сафари Муҳаммад бин Салмон

Шӯрои олии сиёсии Яман аз миллатҳои арабӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо яманиҳо ба сафари Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ эътироз карданд, қадрдонӣ кард ва эътирози ононро таърихӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон нахустин давр аз сафарҳои хориҷии худро дар 22 ноябр ба мақсади Иморот, Баҳрайн, Тунис, Миср, Алҷазоир ва Мавритания анҷом дод.

Ҳамзамон бо сафари валиаҳди Саудӣ, шаҳрвандони бархе аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла кишварҳои мизбони ӯ, дар эътироз ба сафари бин Салмон роҳпаймоии эътирозомез барпо карданд.

Шӯрои олии сиёсии Яман шомгоҳи сешанбе дар баёнияе эълом кард, шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бо иқдоми эътирозии худ ва барпоии роҳпаймоӣ, бар иттиҳоди милатҳои араб таъкид карданд ва хашми худро аз таҷовузгарии саудиҳо нишон доданд.

Шӯрои олии сиёсии Яман ҳамчунин аз созмонҳои башардӯстона, аҳзоб ва созмонҳои озодихоҳ хост, алайҳи муҳосираи шаҳрвандони яманӣ ва ишғолгарии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман, мавзеи ошкоре иттихоз кунанд.