Ҷанги Яман: Мушак, ҷавоби ҳамлаҳои ҳавоӣ
(last modified Thu, 29 Nov 2018 13:15:24 GMT )
Ноябр 29, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Яман: Мушак, ҷавоби ҳамлаҳои ҳавоӣ

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии мутаҷовизони Саудӣ бо шиллики мушаки баллистики «Зилзол 1», мавозеи мутаҷовизонро дар наздикии шаҳри марзии Наҷрони Арабистон ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Масира, манобеи яманӣ эълом карданд, ин мушак, мавозеи мутаҷовизони Саудиро дар саҳрои Al-Ajashar дар наздикии Наҷрон ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ манобеи оби шаҳрвандони яманиро дар минтақаи Ал Заҳӣ дар устони Ал Ҳудайдаи Яман бомбаборон карданд, ки мунҷар ба захмӣ шудани чанд тан аз ҷумла як духтари хурдсол шуд.

Ягони мушакӣ ва тӯпхонаии Арабистони Саудӣ низ хонаҳо ва заминҳои кишоварзии шаҳрвандони яманиро дар минтақаи марзии устони Саъдаи Яман ба шиддат гулӯлаборон кард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвар идигар аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва сипас ин кишвари фақири арабиро дар муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ қарор додааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор тан, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.